Иродаи байналмиллалӣ барои ҳифзи БАРҶОМ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i33258-Иродаи_байналмиллалӣ_барои_ҳифзи_БАРҶОМ
Бо наздикшудан ба 12 май, ки зарбул аҷали Доналмд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико дар заминаи ислоҳи БАРҶОМ ва гунҷондани мавориди мадди назари Вашингтон дар он аст, вокуниши давлатҳо ва мақомоти баландпоя дар гуруҳи 5+1 барои ҳифзи БАРҶОМ афзоиши қобили таваҷҷуҳе пайдо кардааст. Аз ҷумла мақомоти баландпояи Русия ва Иттиҳодияи Аврупо бар лузуми ҳифзи БАРҶОМ таъкид карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 26, 2018 08:18 Asia/Dushanbe
  • Иродаи байналмиллалӣ барои ҳифзи БАРҶОМ

Бо наздикшудан ба 12 май, ки зарбул аҷали Доналмд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико дар заминаи ислоҳи БАРҶОМ ва гунҷондани мавориди мадди назари Вашингтон дар он аст, вокуниши давлатҳо ва мақомоти баландпоя дар гуруҳи 5+1 барои ҳифзи БАРҶОМ афзоиши қобили таваҷҷуҳе пайдо кардааст. Аз ҷумла мақомоти баландпояи Русия ва Иттиҳодияи Аврупо бар лузуми ҳифзи БАРҶОМ таъкид карданд.

Сергей Риябков-муовини вазири умури хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, таҳкими ҳамаҷонибаи БАРҶОМ, ҳифзу таъмини шароити иҷрои он дар шакли кунунӣ барои Маскав як зарурат ва асли тағйирнопазир аст.

Владимир Чижов-намояндаи Русия дар Иттиҳодияи Аврупо бо баёни инки ҳеҷ кишваре ҳаққи эъломи мавзеъ аз тарафи гуруҳи 5+1-ро надорад изҳор дошт Амрико ва кишварҳои аврпуоӣ иҷозаи тағйири мафодди БАРҶОМро надоранд.

Федрика Мегринӣ-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба изҳороти матраҳшуда дар дидори раисони ҷумҳурии Амрико ва Фаронса дар бораи тавофуқи дигаре бо Эрон таъкид кард, ки мо дар замони ҳозир танҳо як тавофуқ бо Эрон дорем, ки муваффақ буда ва бояд ҳифз шавад.

Эманоел Макрон-раиси ҷумҳури Фаронса низ эълом кард Порис ба ҳеҷ ваҷ аз БАРҶОМ хориҷ нахоҳад шуд. Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гуруҳи 5+1 аз январи 2016 иҷроӣ шудааст, аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гуруҳ ҳамвора дар иҷрои БАРҶОМ бадъаҳдӣ карда ва акнун Трамп таҳдиде ҷиддӣ дар бораи хориҷшудан аз БАРҶОМ кардааст. Таҳдиде, ки илова бар вокуниши шадиди Эрон, бо вокуниши манфии ҷомеъаи байналмиллалӣ низ рубару шудааст.

Трамп бар хилофи тавофуқи 5+1, ки Амрико низ узве аз он аст дар заминаи идомаи ҳифзу иҷрои БАРҶОМ дар мавзеъе якҷониба бар иҷрои хостаҳои зиёдаталабона ва ғайримашруъи худ, ки асосан дар тавофуқи БАРҶОМ набудаанд, таъкид карда ва дар ин росто бо таъини муҳлати то 12-уми май талош мекунад, то ба вижа шарикони аврупоии худро барои водор кардани Эрон ба пазириши хостаҳои Вашингтон таҳти фишор қарор диҳад.

Ба гуфтаи Ричард Соколскӣ- коршиноси сиёсӣ, раиси ҷумҳури Амрико дар руйкарди эъломии нави худ бар асоси хуруҷ аз БАРҶОМ ва муқобила бо Эрон дар минтақа ҳадафҳои воқеъбинона ва стратегии мушаххасе надорад.

Ҳатто аврупоиҳо низ эътироф мекунанд Эрон ба ҳамаи аъҳдҳои худ дар чорчуби БАРҶОМ амал карда руйкарди Трампро ғайри қобили қабул арзёбӣ мекунанд ҳарчанд, ки се кишвари аврупоии узви гуруҳи 5+1 яъне Британия, Фаронса ва Олмон ҳам ба далели фишорҳои Трамп ва ҳам ба манзури ҳифзи БАРҶОМ амалан хостаҳои Амрико барои иҷрои фишор ба Эрон дар заминаи барномаи мушакӣ ва сиёсатҳои минтақаиро қабул кардаанд, аммо дар айни ҳол бар ҳифзи БАРҶОМ низ таъкид доранд.

Мақомоти аврпуоӣ ишора кардаанд, ки эҳтимоли мондани Трамп дар БАРҶОМ андак аст.

Макрон дар бораи эҳтимоли хуруҷи Трамп аз БАРҶОМ изҳор дошт намедонад раиси ҷумҳури Амрико чи тасмиме хоҳад гирифт, аммо эҳтимолан вай ба далелҳои дохилӣ аз тавофуқи ҳастаии Эрон хориҷ шавад.

Изҳорот ва мавзеъгириҳои мақомоти давлатҳо ва ниҳодҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад ҷомеъаи ҷаҳонӣ мухолифи руйкарди ғайримантиқӣ ва зиёдаталабонаи Трамп дар бораи иҷрои ислоҳоти маддиназари вай дар БАРҶОМ ё хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ аст. Бадин тартиб Амрико як бори дигар бар хилофи иродаи ҷомеъаи байналмиллалӣ ва ба сурати якҷониба қасди таҳмили дидгоҳ ва хостаи худ бар дигар кишварҳои гуруҳи 5+1ро дорад. Ҳатто шарикони аврпуоии Вашингтон низ эътироф мекунанд, ки ин руйкарди Трамп бархилофи аҳдҳои Амрико дар давраи риёсатҷумҳурии Борак Обама дар чорчуби қатъномаи 2231-и Шурои амнияти Созмони миллал ва низ бар хилофи асли мусаллами Ҳуқуқи байналмиллал яъне лузуми ифои аҳдҳои пазируфташуда аз сӯи давлатҳо аст.