Апрел 26, 2018 18:12 Asia/Dushanbe
  • Зарари миллиардии Муҳаммад Салоҳ ба як оператори телефони ҳамроҳ

Як оператори телефони ҳамроҳ дар Миср, қарордоди аҷиб бо Муҳаммад Салоҳ, бозикуни мисрии маҳбуби “Ливерпул” дорад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал Олам”, бар асосм қарордоде, ки оператори телефони ҳамроҳи “Vodafone” дар Миср бо Муҳаммад Салоҳ бастааст, ба изои ҳар як голе, ки ин муҳоҷими мисрӣ барои тими “Ливерпул”-и Англия бизанд, “Vodafone” ба корбаронаш дар Миср 11 дақиқа муколимаи ройгон ҳадия мекунад.

“Vodafone”дар Миср 43 миллион корбари фаъол дорад ва корбароне, ки бастаи “Mo salah World”-ро гирифта бошанд аз қарододи ин ширкат бо Муҳаммад Салоҳ баҳраманд мешаванд.

Бо ин барномаи бозорёбӣ ҳар голе, ки Муҳаммад Салоҳ дар “Ливерпул” мезанад, ҳудуди сад миллион фунт барои “Vodafone” ҳазина хоҳад дошт!