Апрел 26, 2018 19:07 Asia/Dushanbe
  • Худкушии беш аз 550 низомии украинӣ

Беш аз 550 маврид худкушии низомиён дар шарқи Украина, мақомҳои ин кишварро ба чораҷӯӣ водоштааст.

Ба гузориши хабаргузори “Новости”, Анатолий Матиос, додситони кулли низомии Украина, эълом кард, наздик ба 326 ҳазор низомӣ дар силсила амалиёти минтақаи Донбас дар шарқи Украина ширкат доштаанд, ки аз ин теъдод, наздик ба 85 ҳазор нафар захмӣ шуда ва се ҳазору 784 низ ҷони худро аз даст додаанд.

Вай гуфт, дар ин даргириҳо ҳамчунин 554 нафар аз низомиёни украинӣ, худкушӣ кардаанд.

Матиос эълом кард, бо таваҷҷуҳ ба рақами болои худкушӣ миёни низомиён дар соли 2018, барои ироаи кумакҳои равонпизишкӣ ва ҳирфаӣ ба нируҳои низомии Украина, чаҳор миллион доллар буҷа ихтисос ёфтааст ва аз коршиносони ин замина кумак гирифта хоҳад шуд.

Даргирии давлат ва мухолифони шарқи Украина аз соли 2014 ба думболи кудатои ғарбгароҳо, алайҳи давлати вақти Украина оғоз шуда ва токунун беш аз 10 ҳазор кушта барҷой гузоштааст.