Табдили оташбаси байни ду Корея ба тавофуқномаи сулҳ
Раиси ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ ва раиси ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ тавофуқномаи сулҳ дар нимҷазираи Кореяро имзо карданд. Баёнияи муштараки ду тараф таъйид мекунад, ки оташбаси байн ду кишвар дар соли 1953 ба муоҳидаи сулҳ табдил шудааст.
Ба гузориши шабакаи телевизионии Алҷазира мубошир, Ким Чен Ун раҳбари Кореяи шимолӣ дар конфронси муштараки матбуотӣ бо раиси ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ зимни баёни ин, ки иштибоҳоти гузаштаро такрор нахоҳем кард, гуфт: Пас аз солҳо ҷудоӣ, аз сиёсати ҷадиде истифода хоҳем кард, ки бар ҳамкорӣ мутамаркиз хоҳад буд. Ким Чен Ун афзуд: Умедворем бори дигар сулҳ дар нимҷазираи Корея барқарор шавад.
Мун Чжэ Ин ин раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ дар конфронси муштарак матбуотӣ бо раҳбари Кореяи Шимолӣ гуфт, барои гушудани сафҳае ҷадид ва сохтани ояндаи минтақа талош мекунем. Вай афзуд: Барои парҳез аз рӯёрӯиҳои низомӣ, аз созукорҳои ҷадид истифода хоҳем кард.
Мун Чжэ Ин гуфт: Иштибоҳоти гузаштаро такрор нахоҳем кард ва барои таҳаққуқи сулҳ, ҳама фурсатҳоро дар ихтиёр дорем. Вай ҳамчунин гуфт: барои иртиботи дубора миёни хонаводаҳо дар ду Корея талош хоҳем кард.
Мун Чжэ Ин раис ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ авохири имсол ба Кореяи Шимолӣ сафар мекунад.