Апрел 29, 2018 12:01 Asia/Dushanbe
  • Имсол Нобели адабиёт эҳдо мешавад?

Бо истеъфои пайдарпайи аъзои Академия Шветсия, ки вазифаи интихоби барандаи ҷоизаи Нобели адабиётро бар ӯҳда дорад, эҳтимолан имсол ҷоизае барои ин бахш эҳдо нашавад.

Ба гузориши манобеи хабарии англисӣ, Сара Стройдсберг шашумин узви ин ҳайати 18 нафара аст, ки истеъфо мекунад.

Раванди истеъфоҳо пас аз тарҳи иттиҳомҳои сӯиистифодаи ҷинсӣ алайҳи Jean-Claude Arnault ҳамсари Katarina Frostenson аз аъзои академия оғоз шуд, ки молики як бошгоҳи фарҳангии таҳти ҳимояти молии бунёди Нобел будааст.

Бархе гузоришҳои таъйиднашуда нишон медиҳад, Академияи Шветсия солҳо пеш аз ин иттиҳомҳо бохабар шуда, аммо иқдоме дар хусуси он анҷом надода буд.

Jean-Claude Arnault ҳамчунин муттаҳам аст, ки дар ҳафт давраи гузаштаи эҳдои ҷоизаи Нобели адабиёт, номи барандагонро пеш аз замони таъйиншуда ифшо кардааст.

Ин мавзӯъ аз онҷо аҳамият меёбад, ки ҳарсола, бархе пойгоҳҳои шартбандӣ имкони пешбинии барандагони Нобелро фароҳам мекунанд ва ифшои номи онҳо, метавонад заминасози суд ва фоидаи калони молӣ буда бошад.

Бештари аъзои Академияи Шветсия то кунун бо ихроҷи Katarina Frostenson мухолифат кардаанд ва ин мавзӯъ, истеъфои дигари аъзоро ба думбол доштааст.

Эҳтимол дорад дар пайи расвоиҳои бавуҷудомада, имсол ҷоизае барои Нобели адабиёт эҳдо нашавад.