Апрел 29, 2018 19:43 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши эҳсосоти зиддиисроилӣ дар донишгоҳҳои Амрико

Рӯзномаи Вашингтон Таймз навишт, эҳсосоти зиддиисроилӣ дар донишгоҳҳои амрикоӣ афзоиш ёфтааст.  

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Вашингтон Таймз, донишҷӯёни амрикоӣ дар донишгоҳҳои мухталиф кампини таҳрими колоҳои исроилӣ ба роҳ андохтаанд.  

Донишҷӯёни донишкадаи Барнард таи як ҳамапурсӣ аз анҷумани донишҷӯён хостанд, номае ба давлати Амрико бинависад ва аз Вашингтон бихоҳад, аз сармоягузорӣ дар ширкатҳои вобаста ба Исроил худдорӣ кунад.  

Аъзои анҷумани донишҷӯёни донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон низ дар як ҷаласаи маҳрамона қатъномае тасвиб карданд ва дар он аз донишгоҳ хостанд, аз сармоягузорӣ ба нафъи Исроил худдорӣ кунад.