Баргузории ҳамапурсии тағйири номи кишвари Македония
Зоран Заев нахуствазири Македония баргузории ҳамапурсии тағйири номи ин кишвар ва мавзӯи узвияти Македония дар Иттиҳодияи Аврупоро хостор шудааст.
Македония ва Юнон аз соли 1991 замоне, ки Македония аз Югославия ҷудо шуд ва эъломи истиқлол кард, бар сари номи расмии ин кишвар ихтилофи назар доранд. Ду кишвар дар моҳҳои ахир таҳаррукоти сиёсии фишурдаеро бо миёнҷигарии Созмони милали муттаҳид барои ҳалли ин ихтилоф анҷом доданд. Охирин даври музокироти вазирони хориҷаи ин ду кишвар дар 25 апрел дар Вена баргузор шуд. Давлати Македония бисёр умедвор аст, ки ин музокирот то поёни имсол ба натиҷа бирасад ва Иттиҳодияи Аврупо таърихеро барои шурӯи музокироти пазириши узвияти ин кишвар эълом кунад.
Македония дар соли 2005 дархости худро барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ироа дода, аммо ин дархост дар пайи ихтилоф бо Юнон муаллақ боқӣ мондааст. Номи яке аз устонҳои шимолии Юнон Македония аст. Юнониҳо мӯътақиданд, ин ном метавонад баъдҳо сабаби иддаоҳои сарзаминии давлати Македония нисбат ба ин устони Юнон шавад.
Албатта ду кишвар аз лиҳози таърихӣ низ дар ин бора ихтилофи назари амиқ доранд. Дар муқобил, македонияиҳо низ номи кишваршонро барграфта аз таърихи худ медонанд, ба ҳамин далел дар баробари дархости Юнон барои тағйири номи Македония муқовимат мекунанд. Ин ихтилоф боис шудааст Юнон ба унвони узви Иттиҳодияи Аврупо ва паймони НАТО роҳи вуруди Македонияро ба ин ду иттиҳодия бибандад.
Аммо интишори гузориши ҷадиди комиссияи Аврупо дар бораи кишварҳои минтақаи Балкани Ғарбӣ ва тағйири рӯйкард ба ин минтақа ва низ пазириши сареътари кишварҳои буҳронхези Балкан сабаби таҳаррукоти ҷадиде дар ин минтақа шудааст.
Дар фосилаи ду моҳи гузашта Федерика Могарини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, Жан Клод Юнкер раиси комиссияи Аврупо ва дар ҳафтаи гузашта Доналд Тоск раиси шӯрои Иттиҳодияи Аврупо аз кишварҳои Балкани Ғарбӣ дидан карданд. Меҳвари ҳамаи ин сафарҳо таъкид бар оғози ҳарчи сареътари музокироти узвият дар Иттиҳодияи Аврупо будааст. Ин таҳаррукот сабаб шудааст, ки Юнон низ барои нармӣ нишон додан дар баробари Македония ва ҳалли ихтилофоташ бо ин кишвар бар сари ном, таҳти фишор қарор гирад.
Давлатҳои ду кишвар низ бо баргузории чандин даври музокирот ва ироаи пешниҳодҳое барои тағйири номи Македония нишон доданд, ки иродаи лозимро барои ҳалли ихтилоф доранд. Аммо ин мухолифон дар ҳар ду кишвар ҳастанд, ки музокироти давлатҳояшонро барои ҳалли ин ихтилоф ба чолиш кашидаанд.
Яке аз номҳои пешниҳодии Скопе – пойтахти Македония, Македонияи Шимолӣ аст, аммо мухолифон дар Юнон мӯътақиданд, ки ҳар номи пешниҳодии Скопе набояд вожаи Македонияро дар худ дошта бошад. Дар Македония ҳам мухолифони музокироти тағйири номи кишварашон мӯътақиданд, ин ном ҳувияти онҳо аст ва набояд тағйир кунад.
Дар чунин фазое Зоран Заев нахуствазири Македония баргузории ҳамзамони ҳамапурсии тағйири қонуни асосӣ барои ду мавзӯи тағйири номи Македония ва узвияти Иттиҳодияи Аврупоро пешниҳод додааст. Ин пешниҳод бо ин ҳадаф ироа шудааст, ки ба мардуми Македония эълом кунад, роҳи вуруд ба Иттиҳодияи Аврупо бо гузаштан аз номи кишваршон мегузарад.