Апрел 30, 2018 14:43 Asia/Dushanbe

Шумори куштаҳои ду инфиҷори терроистии рӯзи душанбе дар маркази Кобул, пойтахти Афғонистон ба 25 нафар расид.

Ба гузориши ИРНА, Наҷиб Дониш, сухангӯи вазорати кишвари Афғонистон эълом кард, рӯзи душанбе бар асари ду инфиҷори террористии пай дарпай дар маркази Кобул, 25 нафар кушта ва 45 нафари дигар захӣ шуданд.

Эҳтимоли афзоиши омори куштаҳо ба иллати шиддати ин ду инфиҷор вуҷуд дорад.

Бар асоси ин гузориш, субҳи имрӯз душанбе як моторсавор маводи мунфаҷираи ҳамроҳи худро дар ҳавзаи 9-уми шаҳри Кобул дар минтақа “Шаш дарак” дар наздикии як маркази омӯзишӣ, мунфаҷир кард.

Дар ҳоле, ки неруҳои имдодӣ барои кумак ба масдумони ин инфиҷор ҷамъ шуда ва хабарнигорон низ машғули иттилоърасонӣ аз ин ҷиноят буданд, террористи дуввум худро дар пӯшиши хабарнигор ба сафи хабарнигорон расонд ва бомбаҳои ҳамроҳи худро мунфаҷир кард.

Се хабарнигор ва се тасвирбардор, аз ҷумла тасвирбардори аршади хабаргузории Фаронса дар инфиҷори дуввум кушта шуданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ду инфиҷори террористии субҳи душанбе дар Кобуро бар ӯҳда гирифт.

Дар рӯзҳои ахир ҳамзамон бо оғози номнависии мардуми Афғонистон барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ ва шӯрои вилоятии Афғонистон, манотиқи мухталифи ин кишвар, аз ҷумла Кобул шоҳиди инфиҷорҳо ва ҳамалоти террористӣ аст.

Интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон қарор аст, дар октябри 2018 баргузор шавад.