Афзоиши шумори куштаҳо ва захмиҳои ҳамалоти инфиҷории Кобул
https://parstoday.ir/tg/news/world-i33450-Афзоиши_шумори_куштаҳо_ва_захмиҳои_ҳамалоти_инфиҷории_Кобул
Шумори кушта ва захмиҳои ду ҳамлаи террористии имрӯз дар Кобул, пойтахти Афғонистон ба 80 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 30, 2018 14:05 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори куштаҳо ва захмиҳои ҳамалоти инфиҷории Кобул

Шумори кушта ва захмиҳои ду ҳамлаи террористии имрӯз дар Кобул, пойтахти Афғонистон ба 80 нафар расид.

Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон теъдоди куштаҳоро 30 нафар ва шумори маҷрӯҳонро 50 нафар эълом кард.

Кумитаи масунияти хабарнигорони Афғонистон низ кушта шудани 9 нафар аз асҳоби расонаро дар ин ҳамалот тайид кардааст.  

ДИИШ масъулияти ин ҳамалотро бар уҳда гирифт.  

Дар чанд рӯзи гузашта, манотиқи мухталифи Афғонистон шоҳиди инфиҷорҳои гуногун буда, ки ба кушта шудани даҳҳо нафар мунҷар шудааст.