Ақибнишинии Кохи Сафед дар баробари иддаоҳои Натаняҳу алайҳи Эрон
Кохи Сафед бо ислоҳи баёнияе, ки дар таъйиди иддаоҳои нахуствазири режими саҳюнистӣ содир шуда буд, ҳозир нашуд, ба ҳимоят аз иддаои Натаняҳу идома диҳад.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Кохи Сафед дар ҷадидтарин баёнияаш дар бораи намоиши телевизионии музҳик ва иддаоҳои Бинёмин Натаняҳу ҷиҳати фаъолияти ҳастаии Эрон аз тарҳи ин иттиҳом, ки Эрон барномаи таслиҳоти ҳастаии фаъоли худро ҳифз кардааст, ба оромӣ ақибнишинӣ кард. Дар баёнияи ислоҳшудаи Сара Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед омадааст, асноди Натаняҳу, дар воқеъ, нишон медиҳад, ки Эрон қабл аз тавофуқи ҳастаии соли 2015 барномаи фаъоли ҳастаии доштааст.
Кохи Сафед аксҳо, CD ва пӯшаҳоеро, ки Натаняҳу дар баробари дурбинҳо ба намоиш гузошт, "санад" меномад. Ҳамчунин дар баёнияи ҷадиди Кохи Сафед феъли ҷумла марбут ба фаъолиятҳои ҳастаии Эрон аз "дорад" ба "доштааст" тағйир карда, ки ин тағйир ақибнишинӣ аз вокуниши қаблии Кохи Сафед ва таъйиди расмии иддаоии Натаняҳу ба ҳисоб меояд.
Кохи Сафед эълом кардааст, мушкили пешомада ношӣ аз "хатои дафтарӣ" аст.