Эъломи омодагии як сиёсатмадори дигар барои рақобат бо Эрдуғон
Раиси Ҳизби саодати Туркия аз номзадии худ барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар хабар дод.
Бо оғози кори Шӯрои олии интихоботи Туркия аз сешанбе барои сабти номи номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, Темел Карамоллауғглу, Раиси Ҳизби саодати Туркия омодагии худро барои номзадӣ дар ин интихобот эълом кард.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раҳбари Ҳизби адолат ва тавсеа, Марал Акшенер, раиси Ҳизби тозатаъсиси нек ва Доғу Принчак, раиси Ҳизби ватани Туркия низ омодагии худро барои номзадӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ эълом кардаанд.
Ҳар номзад, ки муваффақ ба касби ҳадди ақал 50 дарсад ба изофаи як раъй дар интихоботи 24 июни 2018 шавад, ба раёсатҷумҳурии Туркия интихоб хоҳад шуд.