Май 03, 2018 16:38 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Пхенян бо нобудии мушакҳои баллистик

Кореяи Шимолӣ бо нобудии мушакҳои баллистики байни қораӣ ва боздиди коршиносони байналмилалӣ аз таъсисоти атомии ин кишвар, мувофиқат кард.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, рӯзномаи “Asahi”-ии Ҷопон муддаӣ шуд, гурӯҳе аз коршиносони атомӣ ва Ожонси иттилооти марказии Амрико мавсум ба СИА барои боздид аз таъсисоти ҳастаии Кореяи Шимолӣ, вориди ин кишвар шудаанд.

Давлати Кореяи Шимолӣ ҳамчунин барои нахустин бор мувофиқат кардааст, то бозрасони байналмилалӣ аз таъсисоти атомии ин кишвар боздид кунанд.

Пештар Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ эълом карда буд, моҳи ояндаи милодӣ сайти ҳастаии “Пхенян Ри”-ро таътил мекунад ва аз коршиносони ҳастаӣ ва ҳамчунин хабарнигорон барои боздид аз ин сайт, даъват хоҳад кард.