Ифшои қалбакӣ будани номаи саломати Трамп
(last modified Thu, 03 May 2018 13:09:21 GMT )
Май 03, 2018 18:09 Asia/Dushanbe
  • Ифшои қалбакӣ будани номаи саломати Трамп

Пизишки хусусии собиқи Трамп, номаи мунташир шуда дар ҷараёни рақобатҳои интихоботӣ дар бораи саломати вайро, қалбакӣ тавсиф кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, ифшои иқдоми раисиҷумҳури Амрико ба нигориши номае далолат бар таъйиди саломати ҷисмиаш дар замони баргузории рақобатҳои интихоботӣ, тардидҳоро дар бораи садоқат ва шаффофияти Трамп, афзоиш додааст.

Доктор Ҳаролд Борнштейн, пизишки хусусии собиқи Доналд Трамп аст, ки беш аз се даҳа барои вай табобат карда буд.

Вай гуфтааст, номае, ки ба номи вай дар ҷараёни рақобатҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар бораи саломати Доналд Трамп мунташир шуда буд, шахсан ба василаи Доналд Трамп навишта шуда буд.

Дар он нома эълом шуда буд, Доналд Трамп аз назари ҷисмӣ солимтарин фарде аст, ки эҳтимолан ба мақоми раёсатҷумҳурии Амрико хоҳад расид ва тавоноии ҷисмии бисёр боло ва бисёр қавӣ дорад.

Замоне, ки Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 ба унвони номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ фаъолият мекард, вазъияти саломати ҷисмиаш зери савол рафта буд.