Май 04, 2018 15:21 Asia/Dushanbe
  • Шатранҷи гаронбаҳои Саддом ба Ироқ бозгашт

Пулиси федероли Амрико шатранҷи дуздидашудаи Саддомро пайдо кард ва онро аз тариқи сафорати ин кишвар дар Бағдод, ба Ироқ бозгардонд.

Ба гузориши Ироқӣ-Нюс, сафорати Амрико дар Бағдод эълом кард, ин кишвар шатранҷи атиқа ва арзишманди диктатори собиқи Ироқро, ки дар соли 2003 дуздида шуда буд ва FBI онро пайдо кард, рӯз шанбе ба ин кишвар баргардондааст.

Пас аз таҷовузи Амрико ба Ироқ дар соли 2003 теъдоди зиёде аз атиқаҳои ин кишвар ғорат шуд.

Дуздии ин осор ва вайронии осори бостонии Ироқ бо зуҳури гурӯҳи террористии ДИИШ дар соли 2014 идома пайдо кард.

Вазорати осори бостонии Миср низ якшанбеи гузашта эълом кард, 44 сиккаи бостонии Ироқро ба сафири ин кишвар дар Қоҳира таҳвил додааст.

Таърихи  ин сиккаҳо ба замони Файсали Якум (аввалини подшоҳи Ироқи нав), Файсали Дувум ва Ғозии Аввал бармегардад.