Таҳдиди Трамп: Давлатро таътил мекунам
Май 07, 2018 17:39 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури Амрико таҳдид кард, дар сурати мухолифати демократҳо барои тазмини сохти девори марзӣ бо Мексика ба манзури таваққуфи вуруди муҳоҷирон, давлатро муҷаддадан ба таътилӣ мекашонад.
Доналд Трамп аз демократҳо ба хотири радди ҳимоят аз пешниҳодаш барои сохти девори марзӣ бо Мексика интиқод кард.
Ӯ бо баёни инки гузинаи дигаре надорад, таъкид кард, ин корро анҷом медиҳем, ҳатто агар барои муддате давлат ба таътилӣ кашонда шавад.
Раисҷумҳури Амрико пештар низ гуфта буд, агар конгресс бо дархостҳои молиаш барои амнияти марзӣ мувофиқат накунад, давлат тирамоҳи 2018 таътил мешавад.