Май 08, 2018 13:29 Asia/Dushanbe

Муҳаммад Салоҳ, бозикуни мисрии тими “Ливерпул”-и Англия, ки ба хотири голҳои зебо, вижагиҳои ахлоқӣ ва пойбандияш ба умури динӣ мавриди таваҷҷуҳи расонаҳост, бори дигар хабарсоз шудааст.

Ба гузориши “Спутник”, видеое, ки ба тозагӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда, фардеро нишон медиҳад, ки шабоҳати аҷибе ба Муҳаммад Салоҳ, ситораи мисрии “Ливерпул” дорад. Ин фард, ки шабеҳи Муҳаммад Салоҳи мисрӣ аст, ба дидани ситораи “Ливерпул” рафта ва бо ӯ аксу филм гирифтааст.

Пештар Ризо Парастиш бадали эронии Лионел Месси, ситораи аргентинии тими футболи “Барселона”-и Испания дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар расонаҳо сару садои зиёде барпо карда буд.