Май 08, 2018 14:20 Asia/Dushanbe
  • Оғози чаҳорумин давраи раёсати ҷумҳурии Путин. Амалкард, барномаҳо ва чолишҳо

Владимир Путин, ки дар 18 марти 2018 дар ҳафтумин интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия ба пирӯзӣ расид, зӯҳри душанбе барои чаҳорумин бор савганди раёсати ҷумҳурӣ ёд кард.

Путин дар марти 2018 бо сабти беҳтарин натиҷаи чаҳор давраи рақобат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо касби 76,6 дарсади оро аз миёни 72 миллион раъйи додашуда, бори дигар раиси ҷумҳурии Русия шуд.

Путин аз соли 2000, ки ба унвони раиси ҷумҳурии Русия рӯйи кор омад, талоши ҳамаҷонибаеро барои бозсозии ин кишвари паҳновар, ки баъд аз фурӯпоши Шӯравӣ ба унвони ҷонишини он дар арсаи ҷаҳонӣ зоҳир шуда буд, оғоз кард.

Путин аз вижагиҳои фардӣ, шахсиятӣ, рафторӣ ва амалгароӣ бархурдор аст, ки вайро ба муваффақиятҳои зиёде дар арсаи дохилӣ ва хориҷи расондааст.

Дар даҳаи 1990 Русия баъд аз фурӯпоши Шӯравӣ бо мушкилоти зиёди дохилӣ ва хориҷӣ мувоҷеҳ буд, аммо Путин ба унвони як раиси ҷумҳурии иқтидоргаро, муваффақ ба сару сомон додан ба вазъияти нобасомони Русия шуд. Вай қодир ба барқарории суботи сиёсӣ ва амният ва поёни ҳарҷу марҷ дар Русия шуд, ки барои мардуми ин кишвар бисёр муҳим аст.

Афзоиши баҳои нафт дар даҳаи аввали қарни бистуякум низ аз далоили муҳими бозсозии иқтисоди Русия ва дар пайи он бозсозӣ ва иртиқои қудрати низомии ин кишвар буд.

Дар айни ҳол Путин дар чорчуби авруосёгароӣ бо тарвиҷи миллигароии русӣ, дар арсаи хориҷӣ низ талош кард, то вазн ва ҷойгоҳеро, ки қаблан Шӯравӣ аз он бархурдор буд, барои Русия ба даст оварад.

Барномаи Путин барои давраи ҷадиди раёсати ҷумҳурии худ, ки то соли 2024 ба тӯл хоҳад анҷомид, бозсозӣ ва тақвияти иқтисоди Русия, тақвияти сохторҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Русия, тақвияти тавонмандии низомӣ ва дифоъӣ ва талош барои ифои нақши таъсиргузори Русия дар арсаи байналмилалӣ аст.

Бо ин ҳол Русия бо чолишҳои бузурги дохилӣ ва хориҷӣ низ мувоҷеҳ аст. Муҳиммтарин чолиши дохилии Русия фасод ва нокоромдии низоми бюрократӣ аст. Бинобар ин, эҳтимолан Путин бо тағйири бархе аз мақомоти аршади давлатӣ, барои ҳали муассири ин мушкили дерина талош хоҳад кард. Мушкили дигари Русия мушкилоти иқтисодии ношӣ аз коҳиши шадиди баҳои нафт ва низ таҳримҳои густурдаи Ғарб алайҳи Русия аст, ки аз ҷумлаи мавридҳои охири он таҳримҳои густурдаи Амрико алайҳи Русия дар чорчуби қонуни КАТСА аст. Ҳар чанд, ки бархе муъзалоти сохторӣ дар иқтисоди Русия низ ба ташдиди ин авомил кумак кардааст.

Алексей Мухин таҳлилгари сиёсии рус мӯътақид аст, ки тарроҳони таҳримҳои ҷадиди зидди Русия дар Амрико иштибоҳи бузургеро муртакиб шудаанд, чаро ки дар тадвини ин таҳримҳо ба ҳеҷ унвон нигарониҳои Русия дар назар гирифта нашудааст.

Дар буъди хориҷӣ муҳиммтарин таҳдидот алайҳи Русия, иқдомоти душманонаи Ғарб дар қолаби густариши НАТО ба сӯи Шарқ аст, ки бо ҳадафи дарбаргирии ин кишвар бо шиддат ҷараён дорад.

Сиёсатҳо ва иқдомоти Путин ҳеҷ гоҳ ба мазоқи ғарбиҳо ва ба вижа амрикоиҳо хуш наомадааст. Путин ба муқобила бо иқдомоти султагаронаи Ғарб пардохта, ки мисдоқи боризи он тақобул ва рӯёрӯӣ бо НАТО дар шарқи Аврупо пас аз буҳрони Украина ва муқобила бо Ғарб, ба вижа Амрико дар арсаи Сурия бо ҳузури низомии пурранг дар ин кишвари ҷангзадааст. Зимни инки Ғарб талош мекунад, то дар манотиқи нуфузи суннатии Русия ҳузури пурранг дошта бошад.

Сергей Рекдa коршиноси сиёсии рус, мӯътақид аст, ки масоили таҳриккунандае дар НАТО матраҳ мешавад, ки нишон медиҳад ин паймон хаёли танишзудоӣ бо Русияро надорад. Аз сӯи дигар идомаи таҳрими Русия аз сӯи Амрико ва шарикони аврупоии он маҳдудиятҳои зиёдеро мутаваҷҷеҳи Маскав карда, ки албатта Русия бо дар пеш гирифтани рӯйкарди нигоҳ ба Шарқ, саъй дар бозтаърифи равобити хориҷии худ дорад.

Пешбинӣ мешавад, ки раванди рӯёрӯии Русия бо Ғарб, ба вижа Амрико бештар шуда ва танишҳои дуҷониба афзоиш ёбад.

 

Барчасп