Гузоришҳо аз сафари махфиёнаи раҳбари Кореяи Шимолӣ ба Чин
Май 08, 2018 15:25 Asia/Dushanbe
Шоеот дар бораи сафари раҳбари Кореяи Шимолӣ ба Чин ба манзури таҳкими равобит бо ин муттаҳиди суннатӣ пеш аз дидори ӯ бо раисҷумҳури Амрико шиддат ёфтааст.
Ба нақл аз Алъолам, тибқи иттилои манобеи огоҳ, ҳавопаймои ҳомил як мақоми аршади Пхенян душанбе вориди шаҳри Даляни Чин шуд.
Як манбаъ, ки хост, номаш фош нашавад, дар ин бора гуфт: Ба назар мерасад, ки як мақоми олирутбаи Кореяи Шимолӣ ба Далян сафар кардааст, ки бо таваҷҷуҳ ба шароити мухталифи муртабит ба протокол, ин эҳтимол, ки мақоми мавриди назар Ким Ҷунг Ун буда бошад, бисёр зиёд аст.