Май 08, 2018 15:52 Asia/Dushanbe
  • Оғози Мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар Малайзия

Шастумин давраи Мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръони Карим рӯзи душанбе дар Куала-Лумпури пойтахти Малайзия оғоз ба кор кард.  

Қориён ва ҳофизони 24 кишвари мухталифи ҷаҳон аз ҷумла Мухтори Деҳқон, намояндаи ҷумҳурии исломии Эрон дар ин давра аз Мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар Куала-Лумпур ҳузур доранд.  

Намояндагони кишварҳои мухталиф дар ин мусобиқот дар ду бахши қироат ва ҳифз ва дар ду гурӯҳи оқоён ва бонувон бо якдигар ба рақобат мепардозанд.  

Соли гузашта дар панҷоҳу нуҳумин давра аз Мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Малайзия Ҳомиди Ализода, қории эронӣ мақоми нахусти мусобиқоти қироатро касб кард.  

 

Барчасп