Ҷанҷол бар сари пазироии Нетаняҳу аз ҳамтои ҷопонӣ+акс
Пазироии аҷиби Нетаняҳу ва ҳамсараш аз нахуствазири Ҷопон дар зиёфати шом, дар сарзаминҳои ишғолӣ ва Ҷопон ҷанҷол ба по кардааст.
Дуввуми май Шинзо Абe ва ҳамсараш дар сафар ба Исроил (сарзаминҳои ишғолии Фаластин), дар зиёфати шоми Бенямин Нетаняҳу ва ҳамсараш ҳузур ёфтанд, ки дар он аз меҳмонони ҷопонӣ бо десерте ба шакли кафш пазироӣ шуд.
Ин мавзуъ пас аз он ифшо шуд, ки сарошпази машҳури саҳюнист ба номи Моше Сегев, ба унвони масъули таҳияи шоми ин маросим дар саҳифаи Инстаграми худ аксе аз зиёфатро мунташир кард, ки нишон медод, десерте шоколадӣ дар зарфҳои филизӣ ба шакли кафш рӯи миз гузошта шудааст.
Рӯзномаи саҳюнистии Едиот Ахронот ба нақл аз як дипломати исроилӣ, ки собиқаи фаъолият дар Ҷопонро доштааст, пазироӣ бо десерт ба шакли кафшро тасмиме аҳмақона донист, ки ношӣ аз бетаваҷҷуҳист, зеро дар фарҳанги Ҷопон кафш нафратангез аст.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам сарошпази саҳюнистро ба истифода аз маводи мухаддир муттаҳам карда ва аз ӯ пурсидаанд, чи моддае масраф мекунад, ки боис шуда бо зарфе ба шакли кафш аз як меҳмони ҷопонӣ пазироӣ кунад!