Амрико аз БАРҶОМ хориҷ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i33850-Амрико_аз_БАРҶОМ_хориҷ_шуд
Раисиҷумҳури Амрико фармони хурӯҷ аз Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро имзо кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 09, 2018 10:23 Asia/Dushanbe
  • Амрико аз БАРҶОМ хориҷ шуд

Раисиҷумҳури Амрико фармони хурӯҷ аз Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро имзо кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Доналд Трамп рӯзи сешанбе ба вақти маҳаллӣ бо иддаои бенатиҷа будани Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), фармони хурӯҷи ин кишвар аз тавофуқномаи ҳастаии 5+1-ро, ки аз сӯи Созмони Милал низ мавриди таъйид қарор гирифта буд, имзо кард.

Трамп дар изҳороти худ бо ироди иттиҳомоти беасос ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла дахолат дар умури кишварҳои минтақа, иддао кард, ки Теҳрон бо тавофуқномаи БАРҶОМ, дар остонаи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ қарор мегирад.

Иқдоми якҷонибаи Амрико дар хурӯҷ аз БАРҶОМ дар ҳоле сурат мегирад, ки токунун кишварҳои мухталиф ба истиснои режими саҳюнистӣ, ҳимояти худро аз ин тавофуқнома эълом кардаанд.

Бар асоси гузоришҳо, Бенёмин Натаняҳу, дақоиқе баъд аз эъломи хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ, хурсандии худро аз ин иқдоми Кохи Сафед иброз кард.

Соате пас аз имзои хурӯҷи Амрико аз тавофуқи БАРҶОМ, вазорати хазонадории ин кишвар дар баёнияе эълом кард, Амрико тарҳҳои густурдае аз таҳримҳои муртабит бо Эронро пас аз поёни давраҳои таълиқи 90 ва 180 рӯза, аз сар хоҳад гирифт.

Ин таҳримҳо шомили бахши нефт, бонкӣ ва фурӯши ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ ба Эрон хоҳад буд.