Мухолифатҳо бо хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ: Аз Аврупо то худи Амрико
Иқдоми якҷонибаи Амрико дар хурӯҷ аз БАРҶОМ бо интиқоди густурдаи кишварҳои мухталиф аз Аврупо гирифта, то мардум ва мақомоте дар дохили хоки Амрико ва низ мақомоти аршади созмонҳои байналмилалӣ монанди Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ҳамроҳ буд.
Сарони Англия, Олмон ва Фаронса дар вокуниш ба тасмими раисиҷумҳури Амрико бано бар хурӯҷи ин кишвар аз БАРҶОМ, бо интишори баёнияе бар пойбандии худ ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, таъкид карданд.
Дар ин баёния омадааст, БАРҶОМ ба иттифоқ оро аз сӯи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар қатъномаи 2231 ба тасвиб расида ва барои се кишвари Англия, Олмон ва Фаронса, дорои аҳамият аст.
Дар ин баёния, ки як нусха аз он дар торнмои дафтари нахуствазири Англия мунташир шудааст, сарони Англия, Олмон ва Фаронса ҳамчунин аз Эрон хостанд дар муқобили тасмими Амрико дар хурӯҷ аз БАРҶОМ, хештандорӣ кунад.
Ҳамчунин кишварҳои Италия, Норвегия, Утриш ва Белгия сешанбе шаб дар вокуниш ба иқдоми Доналд Трамп барои хориҷ кардани Амрико аз БАРҶОМ, аз тавофуқи ҳастаии Эрон ҳимоят ва бар ҳифзи он таъкид карданд.
Нахуствазири Италия, вазири хориҷаи Норвегия, вазири хориҷаи Утриш ва нахуствазири Белгия дар паёмҳое бар ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ, таъкид ва аз тасмими Трамп барои хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ, ибрози таассуф карданд. Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ бо ибрози нигаронии шадид аз хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ ва бозгардондани таҳримҳо, аз дигар тарафҳои ин тавофуқ хост, то ба таври комил ба тааҳҳудоти худ таҳти БАРҶОМ пойбанд бимонанд.
Барак Обама, раисиҷумҳури пешини Амрико дар вокуниш ба хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ, ин иқдоми раисиҷумҳури кишварашро «иштибоҳ» хонд ва гуфт, хурӯҷ аз БАРҶОМ ба манзала пушт кардан ба наздиктарин ҳампаймонони Амрико аст.
Шабакаи хабарии “СНН”, рӯзи сешанбе аз назарсанҷии муштараке бо ширкати «SSRS» гузориш дод ва навишт, фақат 29 дарсади ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ, мувофиқи хурӯҷ аз БАРҶОМ ҳастанд ва ҳудуди аз се ду ҳиссаи мардуми Амрико (63 дарсад) бар ин боваранд, ин кишвар набояд аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шавад.
Пеш аз ин, дабири кулли Созмони кишварҳои содиркунандаи нефт (ОПЕК) ҳам дар бораи паёмадҳои тасмими эҳтимоли раисиҷумҳури Амрико барои тарки тавофуқи ҳастаии Эрон, ҳушдор дода буд.