Май 09, 2018 20:30 Asia/Dushanbe
  • Хуруҷ аз БАРҶОМ ё душманӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ

Саранҷом Амрико аз тавофуқи ҷамъии ҳафт кишвар ба ҳамроҳи Иттиҳодияи Аврупо, ки иҷрои он тавассути қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милал тазмин шуда буд, хориҷ шуд.  

Доналд Трамп дар суханоне саршор аз тавҳин ва таҳдид алайҳи миллати Эрон, баъд аз 15 моҳ хату нишон кашидан, хуруҷи Амрикоро аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон эълом кард.

Дар ҳақиқат Трамп бо ин тасмим, аҳдшиканиҳо ва нақзи тавофуқотро, ки Амрико аз муддатҳо пеш дар қиболи тавофуқи ҳастаӣ шуруъ карда буд, расмият бахшид.  

Албатта БАРҶОМ нахустин қурбонии душмании Вашингтон бо Эрон ва якҷонбагароии лаҷомгусехтаи миллигароёни ифротии амрикоӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ нест.

Мардуми Эрон аз фардои пирӯзии инқилоби исломӣ дар феврали 1979 бо душмании Амрико мувоҷеҳ шуданд ва намунаҳое ҳамчун ҳимояти ин кишвар аз Саддом ва сарнагунии ҳавопаймои мусофирбарӣ бар фарози обҳои Халиҷи Форсро ҳамчунон дар ҳофизаи таърихии худ доранд.  

Пеш аз БАРҶОМ низ паймонҳои дигаре дар давлатҳои пешин ва кунунии Амрико қурбони шудаанд.

Аз паймони обу ҳавоии Киото дар давлати Бил Клинтон то паймони манъи тавлиди мушакҳои зиддимушак дар давлати Ҷорҷ Буш ва дар ниҳоят анвоъи аҳдшиканиҳо дар давлати Доналд Трамп.  

15 моҳи гузашта Амрико аз паймони обу ҳавои Париж ва паймони тиҷории Транс-Пасифик хориҷ шуда, созмони ЮНЕСКО-ро тарк карда ва дар иқдоме муғойир бо хости байналмилалӣ, Қудсро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият шинохтааст.

Ҳар як аз ин рӯйкардҳои якҷонбагароёнаи Амрико бо хашм ва норизоятии ҳатто наздиктарин муттаҳидони Вашингтон мувоҷеҳ шудааст.

Албатта ҳатто дар сурати бурузи тардидҳое аз сӯи аврупоиён, ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунон роҳҳои мутааддиде барои иҳқоқи ҳуқуқи худ дар баробари зиёдахоҳиҳо ва қонуншиканиҳои амрикоиҳо хоҳанд дошт.  

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: “Ба Созмони энержии атомӣ дастур додам, ки иқдомоти лозимро дар дасти кор дошта бошанд, то дар мавқеи ниёз, ғанисозии санъатии бидуни маҳдудиятро дошта бошем”.

Ин тасмим ҳамон пушаймони таърихӣ хоҳад буд, ки Эрон ваъда додааст.

 

Барчасп