Май 09, 2018 20:56 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Баку ба изҳороти нахуствазири ҷадиди Арманистон дар бораи Қарабоғ

Сухангуи вазорати хориҷаи Озарбойҷон аз изҳороти нахуствазири ҷадиди Арманистон дар бораи муноқишаи Қарабоғ интиқод кард.

Ҳикмат Ҳоҷаев дар вокуниш ба изҳороти Никол Пашинян, нахуствазири ҷадиди Арманистон дар бораи муноқишаи Қарабоғ гуфт: Баку намояндагони ҷумҳурии худхондаи Қарабоғро ба расмият намешиносад ва танҳо бо давлати Арманистон музокира мекунад.  

Пашинян дар суханоне дар Парлумони Арманистон зимни эъломи омодагӣ барои идомаи музокирот бо Озарбойҷон ва ҳалли муноқишаи Қарабоғ гуфт, намояндагони ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ ҳам бояд дар ин музокирот ҳузур ёбанд.

 

Барчасп