Май 10, 2018 11:55 Asia/Dushanbe

Шаҳрвандони Маскав пойтахти Русия барои зинда нигаҳдоштани ёду хотираи кушташудагони ҶБВ, рӯзи 9-уми май ба маркази шаҳр омаданд ва бо дар даст гирифтани акси қурбониёни ин ҷанг, "ба бобоям барои пирӯзӣ ташаккур" мегуфтанд.

Ба гузориши Спутник, ин роҳпаймоӣ дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия баргузор шуд ва Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия низ дар он ҳузур дошт.

Ин роҳпаймоӣ дар Маскав бо ҳузури бархе мардуми Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҳамчунин дар роҳпаймоии соли 2017 дар Маскав, ки бо ҳузури 7.8 миллион нафар баргузор шуд, беш аз 700 нафар тоҷик ҳам ширкат карданд.