Май 10, 2018 16:12 Asia/Dushanbe
  • Ифтиттоҳи тарҳи ҳисоркашии навори марзии Покистон ва Афғонистон

Тарҳи ҷадиди ҳисоркашии навори марзии Покистон бо Афғонистон дар иёлати Балучистон оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, генерал Қамар Ҷовид Боҷуво, фармондеҳи неруи заминии артиши Покистон бо ҳузур дар минтақаи марзии “Панҷпой” дар наздикии марзи Покистон бо Афғонистон, тарҳи ҳисоркаш (деворкаш)-ӣ миёни ду кишварро ифтиттоҳ кард.

Генерал Боҷуо дар ҳошияи ин маросим бо бузургони қабоилӣ ва масъулони маҳаллӣ низ дидор кард ва гуфт, Покистон то нобудии террористҳо ба амалиёти худ идома медиҳад.

Исломобод соли гузашта эълом карда буд, аз шиддат ёфтани ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ аз он сӯи марзҳо, яъне дар хоки Афғонистон ба дохили Покистон нигарон аст ва азми худро барои сохти ҳисор (девор)-и марзӣ дар саросари хатти Дюран (навори марзии Покистон ва Афғонистон) ба тӯли ду ҳазору 500 километр ҷазм кардааст.

Ин хатти фарзӣ дар соли 1893 милодӣ ва даврони истеъмори англисҳо тарсим шуда буд.

Манобеи хабарии Покистон низ гузориш доданд, артиши ин кишвар дар назар дорад беш аз 100 посгоҳи марзиро дар саросари хатти Дюран эҷод кунад.

Мақомоти Афғонистон пештар бо тарҳи Покистон барои анҷоми ин ҳисоркашиҳои марзӣ мухолифат карда ва таъкид карда буданд, ки насби сими хордор ва ҳисоркашӣ дар марзи ду кишвар, таъсире дар мубориза бо терроризм надорад ва танҳо мӯҷиби эҷоди фосила миёни мардуми ду кишвари ҳамсоя хоҳад шуд.