Вайронии сад хона дар Афғонистон бар асари заминларза
https://parstoday.ir/tg/news/world-i33924-Вайронии_сад_хона_дар_Афғонистон_бар_асари_заминларза
Дар заминларзаи рӯзи чаҳоршанбе, сад хона дар вилояти Тахори Афғонистон вайрон шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 10, 2018 18:07 Asia/Dushanbe
  • Вайронии сад хона дар Афғонистон бар асари заминларза

Дар заминларзаи рӯзи чаҳоршанбе, сад хона дар вилояти Тахори Афғонистон вайрон шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, бар асари заминларзаи рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳристони Варсуҷ дар вилояти Тахор, сад хона вайрон шуд ва панҷ нафар низ захмӣ шуданд.

Заминларзаи рӯзи гузашта, ба қудрати 6.2 дараҷа, вилояти Бадахшон, Кобул, Ғазнӣ, Парвон , Тахор, Балх ва Бағлон иАфғонистонро ларзонд.

Ин заминларзаи шадид, ки маркази он дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон буд, дар шимоли Покистон низ эҳсос шуд.