Трамп: БАРҶОМ як дурӯғ буд
Раиси ҷумҳурии Амрико бомдоди якшанбе бо такрори иддаоҳои беасос алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дубора БАРҶОМ-ро як «дурӯғ» хонд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Доналд Трамп дар як паёми твиттерӣ бо иддаои инки будҷаи дифоии Эрон баъд аз имзои тавофуқи ҳастаӣ, 40 дарсад афзоиш ёфтааст, онро нишонаи дигаре аз дурӯғ будани БАРҶОМ донист.
Трамп пеш аз ин низ БАРҶОМ-ро тавофуқи маъюб ва дурӯғи бузург хонда буд.
Бо рӯйи кори омадани Доналд Трамп дар Амрико, Вашингтон сиёсатҳои душманонатаре зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон гирифтааст.
Тарамп рӯзи сешанбеи гузашта бо такрори иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон, хуруҷи Вашингтон аз БАРҶОМ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаӣ зарфи муддати се то шаш моҳи ояндаро эълом кард, ки ин иқдом бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ шуд.