Май 13, 2018 12:23 Asia/Dushanbe
  • Пештозии «Алфатҳ» дар натоиҷи аввалияи интихоботи Ироқ

Сухангӯи этилофи Алфатҳ ба раҳбарии Ҳодӣ ал-Омирӣ аз пештозии ин этилоф дар интихоботи парлумонии Ироқ бар асоси натоиҷи аввалия хабар дод.

Ба гузориши Алмаёдин, Аҳмад ал-Асадӣ талош барои ташкили давлати хадамотрсон ба миллати Ироқро авлавияти баъдӣ пас аз мушаххас шудани натоиҷи ниҳоии интихоботи парлумонӣ донист.

Вай ибрози умедворӣ кард, аҳзоб ба ваъдаҳои худ амал кунанд ва бо ташкили давлате қавӣ аз саҳмхоҳӣ дар ин масир дурӣ кунанд.

Чаҳорумин интихоботи парлумонии Ироқ рӯзи гузашта (шанбе) бо ширкати ҳудуди 11 миллион ироқӣ баргузор шуд.

Пас аз ихтилоф бар сари натоиҷи оро дар минтақаи Курдстони Ироқ, ки ба даргирии мусаллаҳона кашида шуд, Кумитаи олии интихоботи Ироқ ҳар гуна иддао дар мавриди тахаллуфот дар интихоботи парлумони ин кишварро беасос донист.

Иттиҳодияи меҳании Курдистони Ироқ аз сӯи дигар аҳзоб, муттаҳам ба тақаллуби густурда дар интихобот шуда буд.

Кумитаи олии интихоботи Ироқ бомдоди имрӯз (якшанбе) пас аз поёни раъйгирӣ дар ҳавзаҳои саросари ин кишвар дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, вуҷуди ихтилофи назарҳо ва иддаоҳо дар бораи тахаллуфи интихоботӣ дар раъйгириро рад ва эълом кард: Дар интихобот аз охирин фановарӣ барои раъйгирӣ истифода шудааст.

Кумитаи олии интихобот ҳамчунин бо таъкид бар расидагӣ ба тамоми шакоёти расмӣ ва мувваҷҷаҳ, ҳар гуна бузургнамоӣ ва мухолифатҳо бо натоиҷи интихоботро мардуд хонд.

Дар ҷараёни нахустин интихоботи саросарии Ироқ пас аз шикасти террористҳои ДИИШ, ҳеҷ ҳамлаи террористӣ рух надодааст.