Охирин эроншиноси барҷастаи рус даргузашт
Иван Стеблин Каменский, охирин Эроншиноси барҷастаи рус дар 72 солагӣ дар Санкт-Петербург даргузашт.
Вай 1945 дар Санкт- Петербург, ки он замон Ленинград номида мешуд, ба дунё омад ва севвуми майи 2018 дар ҳамин шаҳр даргузашт.
Иван Стеблин Каменский дар 1968 риштаи эроншиносии донишкадаи шарқшиносии Донишгоҳи Ленинградро тамом кард.
Ӯ дар маъмуриятҳои бостоншиносӣ ва корҳои ҳаффорӣ ва мутолиаи лаҳҷаҳо дар Тоҷикистон, Помир, Туркманистон, Това, Урали Ҷанубӣ, Синзян, Қирғизистон ва Эрон ширкат кард ва ба унвони муаллими забони русӣ дар як мадрасаи рустоӣ дар Помир машғул ба кор шуд.
Иван Стеблин Каменский бузургтарин мутахассис дар тавсиф ва таърихи забонҳои эронӣ, решашиносӣ, ирфон, мазҳаб ва қавмшиносии Помир ва дигар ақвоми эронӣ аст.
Ӯ нависандаи беш аз 150 асар аз ҷумла фарҳанги мунҳасир ба фарди забони вохон аст.