Май 16, 2018 09:44 Asia/Dushanbe
  • Ифтории Тоҷикистон дар шабҳои моҳи Рамазон дар Маскав

Бар асоси як суннати деринаи намояндагони Тоҷикистон дар Русия, дар шаби шашуми моҳи мубораки Рамазон дар Чодари рамазонӣ, бо зиёфати ифторӣ аз меҳмонони худ, пазироӣ мекунанд.

Ба гузориши Спутник, имсол низ 13-умин соле аст, ки чодари Рамазон дар шаби оғози ин моҳи муборак барпо мешавад ва ба муддати 30 рӯз идома дорад.

Дар ин маросим намояндагони кишварҳои исломӣ ва ҷавомеи мусулмонони муқими Русия ба навбат аз меҳмонон пазироӣ хоҳанд кард.

Дар шаби шашуми ин моҳ низ навбати намояндагони Тоҷикистон аст, ки аз меҳмонони рӯзадори худ, пазироӣ кунанд.

Дар чорчуби барпоии чодари Рамазон барномаҳои фарҳангӣ ва озмунҳое дар бораи одоб ва русуми ақвоми мухталиф, аз ҷумла тоҷикон баргузор мешавад ва аз меҳмонон бо ғизоҳои суннатӣ, пазироӣ ба амал меояд.

Ширкаткунандагон ва ҳатто ғайри муслумонон метавонанд дар ин маросим бо одоб ва русуми кишварҳои исломи дар моҳи Рамазон, ғизои мардумони ин кишварҳо ва ҳунари ҳифз ва қироати Қуръони карим ошно шаванд.

Маъмулан дар замони барпоии чодар Рамазон аз шахсиятҳои сиёсӣ, намояндагони маҷолиси Думо ва Шӯрои Федератсия, Шӯрои муфтиёт ва Идораи мусулмонони Русия, сафирон ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ дар Маскав ва сокинони пойтахти ин кишвар даъват мешавад, ки дар зиёфати ифторӣ ширкат кунанд.

Ба гуфтаи масъулони Идораи умури мусулмонони Русия, ҷомеаи мусулмонони тоҷикистонии муқими Русия дар ҳоли густариш ва Қуръони маҷид дар миёни ин афрод, аз ҷойгоҳи вежае бархӯрдор аст.

Шӯрои муфтиёни Русия рӯзи чаҳоршанбе 16 моҳи майи соли ҷориро аввали моҳи мубораки Рамазон дар ин кишвар, эълом кардааст.