Могерини: Мусаммам ба ҳифзи БАРҶОМ ҳастем
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34218-Могерини_Мусаммам_ба_ҳифзи_БАРҶОМ_ҳастем
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, сешанбе шаб музокироти Брюссел дар бора БАРҶОМ-ро бо ҳузури вазирони кишварҳои Англия, Олмон, Фаронса ва Эрон мусбат арзёбӣ кард ва гуфт, мусаммам ба ҳифзи БАРҶОМ ҳастем.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 16, 2018 10:22 Asia/Dushanbe
  • Могерини: Мусаммам ба ҳифзи БАРҶОМ ҳастем

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, сешанбе шаб музокироти Брюссел дар бора БАРҶОМ-ро бо ҳузури вазирони кишварҳои Англия, Олмон, Фаронса ва Эрон мусбат арзёбӣ кард ва гуфт, мусаммам ба ҳифзи БАРҶОМ ҳастем.

Ба гузориши ИРНА, Федерика Могерини бо баёни ин ки ширкаткунандагон дар ин нишаст, дар бораи тасмими хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ ибрози таассуф карданд, афзуд, тарафҳои аврупоии тавофуқи ҳастаии Эрон, дубора бар пойбандиашон ба БАРҶОМ таъкид карданд.

Вай тавофуқи ҳастаии Эрон (БАРҶОМ)-ро барои амнияти ҷаҳон ва минтақа, ҳаётӣ ва баҳрамандии Эрон аз манофеи БАРҶОМ-ро зарурӣ донист ва афзуд, дар музокироти оянда дар бораи роҳкорҳои ин масъала гуфтугӯ хоҳад шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон сешанбе шаб ва дар идомаи маъмурияти худ барои ҳифз БАРҶОМ, бо ҳамтоёни фаронсавӣ, олмонӣ, англисӣ ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел вориди музокира шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар ин нишасти панҷҷониба барсари чигунагии идомаи иҷрои БАРҶОМ ва гирифтани тазминҳои айнӣ аз сӯи тарафҳои аврупоӣ гуфтугӯ кард.