Ишғоли минтақаи муҳим дар вилояти Бодғиси Афғонистон ба дасти Толибон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34222-Ишғоли_минтақаи_муҳим_дар_вилояти_Бодғиси_Афғонистон_ба_дасти_Толибон
Толибон минтақаи муҳим ва ҳассоси Дарраи Буми вилояти Бодғис дар шимоли Афғонистонро ишғол карданд.  
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 16, 2018 16:09 Asia/Dushanbe
  • Ишғоли минтақаи муҳим дар вилояти Бодғиси Афғонистон ба дасти Толибон

Толибон минтақаи муҳим ва ҳассоси Дарраи Буми вилояти Бодғис дар шимоли Афғонистонро ишғол карданд.  

Манобеи маҳаллӣ дар вилояти Бодғис эълом карданд, минтақаи Дарраи Бум аз тавобеи шаҳристони Муқури ин вилоят ба ишғоли Толибон даромад ва аносури ин гурӯҳ дар ин минтақа ҳузури густарда доранд.

Минтақаи Дарраи Бум бидуни даргирӣ бо нерӯҳои амниятии Афғонистон ба ишғоли Толибон даромадааст.