Май 17, 2018 11:00 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи 28 кишвари аврупоӣ барои наҷоти тавофуқи ҳастаӣ

Сарони 28 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дар бораи “Рӯйкарди муттаҳид” барои наҷоти тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, тавофуқ карданд.  

Сарони 28 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дар Нишасти София, пойтахти Булғористон, барои наҷоти тавофуқи ҳастаии Эрон, ки дар 2015 дар Вена имзо шуд, бо ҳам яксадо шуданд.

Як манбаи аврупоӣ эълом кард: 28 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо “Рӯйкарди воҳиде” барои ҳифзи тавофуқи ҳастаии Эрон доранд.