Трамп: Муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳайвон ҳастанд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34272-Трамп_Муҳоҷирони_ғайриқонунӣ_ҳайвон_ҳастанд
Раисҷумҳури Амрико муҳоҷиронеро, ки бидуни санад дар Амрико ҳузур доранд, ҳайвон хонд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 17, 2018 08:35 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳайвон ҳастанд

Раисҷумҳури Амрико муҳоҷиронеро, ки бидуни санад дар Амрико ҳузур доранд, ҳайвон хонд.

Доналд Трамп дар нишасте бо ҳузури қонунгузорони иёлотӣ ва полиси Калифорния мавзеи тунди худро дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва зарурати муқобила бо онҳо такрор кард ва гуфт: Муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳайвон ҳастанд ва инсон нестанд.

Трамп бо интиқод аз қавонини ҳимоят аз муҳоҷирон дар Амрико, ин қавонинро аҳмақонатарин қавонини муҳоҷиратӣ дар ҷаҳон хонд.