Май 17, 2018 15:33 Asia/Dushanbe
  • Паёми раисиҷумҳури Афғонистон ба Толибон

Раисиҷумҳури Афғонистон аз гурӯҳи Толибон хост, ба эҳтироми моҳи  убораки Рамазон, ба ҷангу куштор поён диҳад.

Ба гузориши хабаргузории “ОВО”, Ашраф Ғанӣ дар паёми видеоӣ изҳори умедворӣ кард, Толибон ва дигар гурӯҳҳои мухолифи давлати Афғонистон, ҳурмати моҳи Рамазонро нашикананд ва сабаби ҳаросу ноамнӣ барои рӯзадорон нашаванд.

Пеш аз ин ҳам шуморе аз уламои динӣ, шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ ва сарони аҳзоб аз давлати Афғонистон ва мухолифон хоста буданд, ки ба эҳтироми моҳи мубораки Рамазон, оташбас кунанд ва ба ҷангу куштор поён диҳанд.

Дар чанд рӯзи гузашта бархе аз вилоятҳои Афғонистон аз ҷумла Фароҳ, Ғӯр, Нангарҳор ва Ҳирот, шоҳиди инфиҷорҳои террористӣ ва даргириҳои шадид миёни Толибон ва нируҳои амниятии Афғонистон буданд, ки дар натиҷа садҳо тан кушта ва захмӣ шуданд.