Таҳдиди Путин ба “муқобила бамисл” бо Амрико
Раисиҷумҳури Русия ба Амрико дар бораи ихтилол дар проектҳои газии русӣ, ҳушдор дод.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС , Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия таҳдид кард, агар Амрико қасди эҷоди ихлол дар проекти газии Русия- Олмонро дошта бошад, муқобила хоҳад кард.
Раисиҷумҳури Русия дар робита бо мухолифати Амрико бо ин проект, гуфт, мавозеи Доналд Трамп, раис иҷумҳури Амрикоро мефаҳмад, зеро ӯ як косиб аст ва мехоҳад колои худро ба бозори аврупоӣ, арза кунад.
Путин рӯзи гузашта (ҷумъа),бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дидор кард. Русия қарор аст, содироти гази табиӣ ба Аврупоро афзоиш диҳад.
Дар ҳафтаи гузашта, яке аз мақомоти амрикоӣ гуфт, Амрико бо проектм газии «Nord Stream», мушкил дорад ва ширкатҳои даргири ин проект бо таҳрими мувоҷиҳ хоҳанд шуд.