Фоидаи коргарони муҳоҷир аз шадидтар шудани қонуни муҳоҷирати Русия
Корманди Пажӯҳишгоҳи масоили роҳбурдии Русия мӯътақид аст, ки пешниҳоди тарҳи ҷаримаҳои сангини молӣ барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин кишвар, ба нафъи онон аст.
Ба гузориши РИА Новости, Игор Белобородов бо ишора ба тарҳи шиддатдодан ба муҷозоти коргарони муҳоҷири хориҷӣ, бидуни қарордод ва корфармоёне, ки аз пардохти молиёт фирор мекунанд, гуфт, буҷаи давлати Русия ҳам аз молиёт напардохтани корфармоён хисорат мебинад ва ҳам коргарони хориҷии ғайримуҷоз, ки бар асоси тавофуқи шифоҳӣ фаъолият мекунанд, ҳеҷ маблағе барои бимаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ ворез намекунанд.
Вай афзудааст, дар мавориди зиёде низ корфармоён моҳҳо ҳуқуқ ва дастмузди коргарони сохтумониро, ки бидуни қарордод фаъолият мекунанд, намепардозанд ва ҳатто дар сурати додгоҳӣ шудани моҷаро, ҳеҷ санади ҳуқуқӣ миёни ду тараф вуҷуд надорад ва онон дар қиболи якдигар тааҳҳуде имзо накардаанд.
Ба эътиқоди Белобородов бо таваҷҷуҳ ба ин масоил, қонуни ҷадиди муҷозоти корфармоёни мутахаллиф ва коргарони муҳоҷири хориҷие, ки бидуни қарордод фаъолият мекунанд, метавонад заминаи дифоъ аз ҳуқуқи ин афродро фароҳам созад ва мӯҷиби афзоиши пардохти молиёт ба буҷаи давлати Русия гардад.
Чанд рӯз қабл манобеи Вазорати адлияи Русия аз ироаи тарҳи ҷадид барои муҷозоти коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар хабар доданд, ки бар асоси он, коргарони муҳоҷир илова бар муҷаввизи кор бояд қарордоди ҳамкорӣ бо корфарморо низ дошта бошанд.
Агар ин тарҳ иҷроӣ шавад, коргарони муҳоҷири хориҷӣ, ки қарордоди ҳамкорӣ бо корфармоён ва ширкатҳои Русияро надоранд, маҳкум ба пардохти панҷ ҳазор рубли русӣ, ҷарима ва ихроҷ аз қаламрави ин кишвар хоҳанд шуд.
Ҳамчунин мудирони ширкатҳое, ки бидуни қарордод, коргарони муҳоҷири хориҷиро истихдом кардаанд ба пардохти 50 ҳазор рубл ҷарима маҳкум мешаванд ва воҳидҳои тавлидии онон низ баста хоҳад шуд.
Ҳамасола теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд, ки дар соли 2017 теъдоди онон ба як миллиону 58 ҳазор нафар расида буд, аммо созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия теъдоди ин коргаронро бештар эълом мекунанд.