Май 21, 2018 10:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия ба Амрико дар бораи тулонӣ шудани ҷанги Афғонистон

Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон дар бораи тулонӣ шудани ҷанги Амрико дар Афғонистон, ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, расонаҳои гурӯҳии Афғонистон рӯзи якшанбе ба нақл аз Замир Кобулов эълом карданд, дар сурате, ки Амрико бо гурӯҳи Толибон вориди музокира нашавад бо ҷанги хастакунанда ва хунин дар Афғонистон рӯбарӯ мешавад, ки то солҳои оянда идома хоҳад ёфт.

Бар асоси ин гузориш, Кобулов гуфтааст, худдории Амрико барои музокира бо Толибон, ки контроли 40 дарсад аз хоки Афғонистонро дар ихтиёр дорад, пазируфтанӣ нест, чаро ки дар ин сурат, ҷанг ва ноамнӣ дар Афғонистон ҳамчунон идома меёбад.

Вай ҳамчунин аз эҳтимоли афзоиши манотиқи таҳти тасаллути гурӯҳи Толибон дар Афғонистон хабар дода ва афзудааст, дар ин шароит, афзоиши ҳузури низомиёни хориҷӣ ҳеҷ кумаке ба беҳбуди вазъияти Афғонистон нахоҳад кард.

Бо гузашти 17сол аз ҷанги Амрико ва Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) дар Афғонистон ҳанӯз ҳам мардуми ин кишвар аз ноамнӣ, ҳамалоти террористӣ, бомбаборон ва мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ранҷ мебаранд ва дӯрнамои ин ҷанг, мушаххас нест.

Толибон хориҷ шудани низомиёни бегона ба хусуси амрикоиҳоро аз Афғонистон шарти поён додан ба ҷанг эълом кардааст.