Изҳороти тавҳиномези як вазири Дания дар бораи мусалмонони рӯзадор
Яке аз вазирони Дания дар изҳороти исломситезона муддаӣ шуд, рӯза гирифтани мусалмонҳо ҷомеаи Данияро дар маърази хатар қарор медиҳад.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Ингер Стоеҷберг (Inger Stoejberg), вазири муҳоҷират ва ҳамбстагии Дания, ки дидгоҳҳои зиддимуҳоҷиратӣ ва исломситезона дорад, рӯзи душанбе дар матлабе барои рӯзномаи ВТ навишт: “Аз тамоми мусалмонон мехоҳам дар тӯли моҳи Рамазон барои пешгирӣ аз паёмадҳои манфӣ барои бақияи ҷомеаи Дания аз маҳалли корашон мураххасӣ бигиранд, зеро рӯзадории онҳо барои ҳамаи хатарнок аст”. Ин вазир ҳамчунин ибрози нигаронӣ кард, ки рӯза гирифтан ба "амният ва созандагии кишвар” латма мезанад.
Вазири муҳоҷирати Дания пештар низ дар иқдоми зиддиисломие, ки онро дифоъ аз озодии баён хонд, тасвири тавҳиномези соли 2006-и як рӯзномаи Дания дар бораи Паёмбари Ислом (с)-ро дар сафҳаи фейсбукии худ бознашр кард, ки ин иқдоми ӯ хашми мусалмононро барангехт. Ӯ соли 2017 низ бо интишори тасвире дар “Фейсбук” алайҳи муҳоҷирон ҷанҷол барпо карда буд.
Бо ин ҳол, Пиа Ҷарди (Pia Jardi), раиси Иттиҳодияи мусалмонони Дания иддаои вазири муҳоҷирати ин кишварро бисёр ғайримантиқӣ дониста гуфт, ҳеҷ таҳқиқе анҷом нашуда, ки нишон диҳад, коргарони мусалмони рӯзадор метавонанд барои ҷомеа хатарнок бошанд.