Май 22, 2018 14:02 Asia/Dushanbe
  • 86 минтақаи ҳамарз бо Тоҷикистон дар ишғоли Толибон

Гурӯҳи Толибони Афғонистон 86 русто дар ноҳияи Қалъаи Золи вилояти Кундуз дар шимоли Афғонистон ва ҳамарз бо Тоҷикистонро ба ишғоли худ даровардааст.

Ба гузориши “CA News”, ин хабарро Сайид Асадуллоҳ Содот, намояндаи мардум дар маҷлиси вилояти Кундуз ба расонаҳо эълом карда афзудааст, нерӯҳои Толибон ба Оқтеппа, маркази ноҳияи Қалъаи Зол ҳамла кардаанд. Ба гуфтаи Содот, Толибон як постгоҳи пулисро низ дар бозори Оқтеппа ба оташ кашидааст. Аммо Ҳамидуллоҳ Ҳамидӣ, фармондеҳи пулиси вилояти Кундуз суқути Оқтеппаро рад карда гуфтааст, нерӯи кофӣ барои дифоъ аз ин минтақа ҳузур дорад. Генерал Ҳамидӣ пеш аз ин гуфта буд, дар суфуфи Толибон ва ДИИШ дар вилояти Кундуз ва дигар манотиқи ҳамарз бо Тоҷикистон дар шимоли Афғонистон ҷангҷӯёне аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва кишварҳои аврупоӣ вуҷуд доранд.

Мақомоту расонаҳои Афғонистон ва Русия Амрикоро созмондиҳандаи аслии истиқрори нерӯҳои ифротӣ дар манотиқи бо Осиёи Марказӣ ҳамарзи Афғонистон медонанд.