Пампо ҳамчунон зидди Эрон ҳарф мезанад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34576-Пампо_ҳамчунон_зидди_Эрон_ҳарф_мезанад
Вазири хориҷаи Амрико суханони беасоси худро зидди Эрон такрор кард.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 23, 2018 16:41 Asia/Dushanbe
  • Пампо ҳамчунон зидди Эрон ҳарф мезанад

Вазири хориҷаи Амрико суханони беасоси худро зидди Эрон такрор кард.  

Майк Пампо дар Нишасти Кумитаи умури хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико, таҳрим ва фишор бар Эронро стратегияи ҷадиди давлати Доналд Трамп тавсиф кард ва ибрози умедворӣ кард чунин иқдомоте, чашмандози тавофуқе ҷадидро фароҳам кунад.

Вай дар изҳороте мутаноқиз ва бо ҳадафи тафриқаафканӣ дар Эрон гуфт: Вашингтон фишор ва таҳрими бештаре бар Эрон эъмол мекунад, аммо аз мардуми ин кишвар ҳимоят хоҳад кард, то Эрон рафтори худро тағйир диҳад.