Тахриби сайти озмоиши атомии Кореяи Шимолӣ
Сайти озмоиши атомии Пунгери (Punggye-ri)-и Кореяи Шимолӣ тахриб шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Onhap”, Кореяи Шимолӣ рӯзи панҷшанбе дар ҳузури хабарнигорони хориҷӣ бо анҷоми чандин инфиҷор, сайти озмоиши атомии Пунгериро тахриб кард.
Бар асоси ин гузориш, сайти Punggye-ri дар Килджу дар устони Хамгёни шимолӣ, яке аз муҳиммтарин таъсисоти барномаи атомии Кореяи Шимолӣ буд.
Тахриби сайти ҳастаии Кореяи Шимолӣ нахустин натиҷаи нишасти сарони ду Корея дар дар рустои марзии Пханмунджом буд, ки ду тараф дар он дар бораи холӣ шудани минтақаи шибҳи ҷазираи Корея аз силоҳи ҳастаӣ, табдили тавофуқи поёни ҷанг ба муоҳидаи сулҳ ва поён додан ба ҳар гуна иқдоми хасмона зидди якдигар тавофуқ карданд.
Пеш аз ин, Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ пеш аз дидори барномарезӣ шуда, моҳи оянда худ бо Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, аз тасмими худ барои таътил кардани ин сайти атомӣ хабар дода буд.