Давлати Трамп беахлоқтарин давлати таърихи Амрико
Бар асоси ҷадидтарин назарсанҷии муассисаи “Голуп”, давлати Трамп аз назари стандартҳои ахлоқӣ камтарин мизонро нисбат ба давлатҳои пешини Амрико ба даст овардааст.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Ҳилл”, натоиҷи назарсанҷии “Голуп”, ки рӯзи панҷшанбе мунташир шуд, нишон медиҳад, 49 дарсад аз амрикоиҳо муътақиданд, риояти усули ахлоқӣ аз сӯйи мақомоти давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико заиф буда ё хуб нест.
Натоиҷи назарсанҷии “Голуп” ҳамчунин нишон медиҳад, 50 дарсад аз амрикоиҳо мизони риояти стандартҳо ва усули ахлоқиро аз сӯйи давлати пешини Барак Абама тайи моҳи июни соли 2013 хуб арзёбӣ кардаанд.
Масоил ва мушкилоти ахлоқии мақомоти баландпояи давлати Трамп тайи як соли гузашта амалкарди давлати Трампро зери савол бурдааст, ки метавон ба расвоии ахлоқии Скотт Прюитт, раиси созмони ҳифозати муҳити зисти Амрико ишора кард.
Девид Шулкин, вазири собиқи умури кӯҳнасаворон низ авоили соли 2018 ба далели суиистифода аз манобеи давлатӣ аз симмати худ барканор шуд.
Дигар мақомоти кобинаи Трамп, аз ҷумла Райан Зинке, вазири дохилӣ ва Стив Мнучин, вазири хазонадории ин кишвар низ дар хусуси истифода аз буҷаи молиётдиҳандагон барои махориҷи сафари шахсӣ борҳо мавриди интиқод қарор гирифтаанд.