Нигаронии мақомоти Афғонистон аз фурӯши силоҳи неруҳои амниятӣ ба Толибон
Бо вуҷуди талоши давлати Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз фурӯши таслиҳот ва муҳимоти ҷангии неруҳои афғон ба мухолифон, аз ҷумла Толибон, ин мавзӯъ дар як соли ахир ба мушкили амниятӣ барои давлати ин кишвар табдил шудааст.
Ба гузориши хабаргузори Тасним, фармондеҳи полис дар Бодғис аз фурӯши таслиҳот ва муҳимоти ҷангӣ ба Толибон дар шаҳристони Қодис ибрози нигаронӣ кардааст.
Генерал Аҳмад Фаҳим Қоим ҳушдор додааст, ҳар сарбоз ва ё мақоме, ки муҳимот ба душман бифурӯшад, мавриди пайгарди қонунӣ қарор хоҳад гирифт.
Вазорати дифои Афғонистон пеш аз ин низ гуфта буд, Толибон дар набардҳо аз таҷҳизот ва имконоти модерни ҷангӣ дар баробари неруҳои амниятӣ ва низомии афғон истифода мекунад.
Бар асоси баъзе гузоришҳо, Толибон ахиран дар бархе аз ҳамлаҳои худ ба чандин шаҳристон дар шимолу ғарби Афғонистон аз таслиҳоте монанди дурбинҳои дид дар шаб, туфангҳои тактирандоз ва силоҳҳои амрикоӣ истифода кардааст.