Як мақоми рус: Амрико аз сармоягузорӣ барои террористҳо даст намекашад
Сергей Кривошеев корманди собиқи Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) ва роҳбари маркази таҳлилии собиқадорони амнияти миллии “Вимпел” муътақид аст, ки Амрико дар маблағгузории ташкилотҳои экстремистӣ даст дорад.
Ба гузориши Sputnik, ба гуфтаи Сергей Кривошеев, Амрико дар бораи мубориза бо терроризм расман эълон мекунанд, аммо фикр намекунам, ки онҳо ҳатто як шабакаи маблағгузориро бубанданд.
Кривошеев гуфтааст, Мақсади ДИИШ дар он аст, ки аввал Сурияро харобу вайрон ва Асадро барканор кунанд ва баъдан ба тарафи Осиёи Марказӣ равон шаванд. Онҳо мехоҳанд ба Русия наздик шаванд ва вазъи сиёсии кишварҳои ИДМ-ро такон диҳанд. Мо дар ҳоли ҳозир чӣ мебинем? Дар Сурия ДИИШ-ро тақрибан сарнагун карданд, вале беш аз 5 ҳазор ҷангҷӯён дар Афғонистон дар сарҳади Узбакистон ҳастанд. Онҳо чигуна ба онҷо рафтанд? Афғонистонро кӣ назорат мекунад? Амрико ва НАТО.
Вай таъкид намудааст, ки ҷангҷӯёнро ба сарҳади Русия ва Эрон наздик меоранд.
Ба гуфтаи собиқ корманди ФСБ, Вашингтон маҷбур мешавад бо Маскав чораҳои муштарак андешад, аммо интизор намеравад, ки ин чораҳо дақиқу зарурӣ бошанд.