Таъкиди садриаъзами Утриш бар зарурати ҳифзи БАРҶОМ
Май 27, 2018 12:51 Asia/Dushanbe
Садриаъзами Утриш бо ишора ба назорати Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ бар фаъолиятҳои ҳастаии Эрон, ҳифзи БАРҶОМ-ро хостор шуд.
Себастьян Кортес, садриаъзами Утриш дар гуфтугӯ бо маҷаллаи Фокус бо ишора ба назорати Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ ва боздиди бозрсони он аз фаъолиятҳои ҳастаии Эрон гуфт: Кишварҳои аврупоӣ бояд бидуни онки вориди даргирӣ ва таниш шаванд, ба дунболи ҳифзи БАРҶОМ бошанд.
Вай афзуд: Тавофуқи ҳастаии Эрон тавофуқе комил ва мусбат аст ва Вена умедвор аст, Амрико низ аз масири интихобшудаи худ бозгардад.
Барчасп