Иҳонат ба Қуръон дар донишкадаи афсарии Канада
Расонаҳо аз беэҳтиромӣ ба Қуръон, дар як донишкадаи афсарии Канада хабар медиҳанд.
Ба гузориши Канада Экспресс, чаҳор донишҷӯи донишкадаи афсарии Сантджон дар иёлати Квебеки Канада, дар як меҳмонӣ ба Қуръон беэҳтиромӣ карданд.
Ин донишҷӯён, аз ин иқдоми тавҳиномези худ филм гирифтанд ва онро дар сатҳи донишкада мунташир карданд.
Масъулони донишкада низ бо анҷоми таҳқиқоте дар ин замина, натиҷа гирифтанд, ки ин донишҷуён қонуни низомии Канадаро нақз кардаанд ва қарор аст се нафар аз ин донишҷуён ихроҷ шаванд.
Генерал Шарл Ломор масъули бахши неруи инсонии артиши Канада гуфтааст, иҳонат ба намодҳои адён аз сӯи аъзои неруҳои мусаллаҳи Канада ба ҳеҷ ваҷҳ пазируфтнӣ нест ва воҳиди таҳти амри вай машғули таҳқиқ дар ин бора аст.
Иқдомоти исломситезона дар Канада дар моҳҳои ахир афзоиши чашмгире ёфтааст.