Ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ ва дигар сарони минтақаӣ дар иҷлоси Шонгҳой
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34836-Ҳузури_Ҳасани_Рӯҳонӣ_ва_дигар_сарони_минтақаӣ_дар_иҷлоси_Шонгҳой
Мақомоти кишвари Чин аз сафари кории қарибулвуқӯи Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ба ин кишвар хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 29, 2018 08:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ ва дигар сарони минтақаӣ дар иҷлоси Шонгҳой

Мақомоти кишвари Чин аз сафари кории қарибулвуқӯи Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ба ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи “CA News”, Ло Кан, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин дар ин маврид иттилоъ додааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҳаждаҳумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой ширкат хоҳад кард. Ин иҷлос рӯзҳои 9 ва 10-уми июн дар шарқи Чин баргузор хоҳад шуд. Ҳамчунин Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев ва Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳурҳои Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон аз 6 то 10-уми июн дар Чин ҳузур хоҳанд дошт. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз аз ҳузури сарони кишварҳои дигар узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин иҷлос хабаре мунташир нашудааст.