Кушта шудани 9 нафар аз наздикони раиси Маҷлиси Сенати Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34844-Кушта_шудани_9_нафар_аз_наздикони_раиси_Маҷлиси_Сенати_Афғонистон
Дар ҳамлаи нерӯҳои артиши Афғонистон ба вилояти Нангарҳор дар шарқи ин кишвар, 9 нафар аз наздикони Фазлҳодӣ Муслимёр, раиси Маҷлиси Сенат ҷон бохтанд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 29, 2018 15:44 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 9 нафар аз наздикони раиси Маҷлиси Сенати Афғонистон

Дар ҳамлаи нерӯҳои артиши Афғонистон ба вилояти Нангарҳор дар шарқи ин кишвар, 9 нафар аз наздикони Фазлҳодӣ Муслимёр, раиси Маҷлиси Сенат ҷон бохтанд.  

Атоуллоҳи Хугиёнӣ, сухангуи вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон ҳамчунин гуфт: Дастикам ҳашт нафари дигар низ дар ҳамла ба шаҳристони Чачарҳор дар ин вилоят маҷрӯҳ шуданд, ки ҳоли бархе аз онон вахим гузориш шудааст.  

Вай ҳамчунин дар бораи далели ҳамлаи нерӯҳои артиши Афғонистон ба наздикони Муслимёр тавзеҳоте надод ва танҳо гуфт: Давлати Кобул барои баррасии ин амалиёт ҳайъатеро таъин кардааст.